Ҳайати низомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар тамринҳои низомии минтақавии “Ягонагӣ-2025” (“Бирлик-2025”) ба Ӯзбекистон рафтаанд. Тамринҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озабойҷон аз 14 то 21-уми октябр дар машқгоҳи “Каттақурған” баргузор мешавад.
Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки ҳайяти Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр ба машқгоҳи “Каттақурған”-и шаҳри Самарқанд ворид шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар тамринҳо ҳайятҳои низомии кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат карда, таҷрибаи ҳарбии худро табодул мекунанд.
“...аҳамияти баргузории машқҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои муттақобила алайҳи таҳдиду хатарҳои муосир муҳим мебошад”,-гуфтааст Вазорати мудофиа.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дирӯз, 13-уми октябр дар машқгоҳи “Каттақурған” таҳти роҳбарии фармондеҳи тамринҳои минтақавӣ “Ягонагӣ-2025” ва роҳбарияти низомиёни кишварҳои номбурда ҷаласа баргузор шудааст.
Гуфта мешавад дар ҷаласа, омодагӣ ба тамринҳо ва раванди марҳалаҳои он баррасӣ шудааст.
Вазорати мудофиаи кишвар нагуфтааст, ки дар ин тамринҳо чанд сарбози тоҷик ширкат мекунанд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта низ тамринҳои низомии “Ягонагӣ-2025” бо ширкати панҷ кишвар дар Қазоқистон баргузор шуда буд. Гуфта мешуд, ки дар тамринҳо ҳудуди 4 ҳазор низомӣ ширкат намуданд ва аз 700 адад аслиҳаву техникаи ҷангӣ истифода шудааст.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста