Дар тамрингоҳи “Фахробод”-и Хатлон бо ширкати зиёда аз 1500 афсару сарбоз ва беш аз 200 техникаи ҳарбӣ, размоишҳои муштараки “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” -и Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) идома дорад.
Маросими ифтитоҳи расмии машқҳо дирӯз, 20-уми октябр баргузор шуд ва дар он Бобоҷон Саидзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СААД, Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СААД, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Зимни ифтитоҳи маросим, Бобоҷон Саидзода гуфт, ки “муқовимати СААД ба таҳдиду бӯҳронҳои гуногун бо назардошти таҳаввулот ҳамеша дар мадди назари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои узв қарор дорад".

Ҳамчунин, Имангали Тасмагамбетов зикр кардааст, ки сарони кишварҳои ин созмон ҷиҳати рушди нерӯ ва тавонмандии низоми амнияти дастаҷамъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замон ҳама чораҳои заруриро меандешанд.
“Ҳамчунин таъкид гардид, ки машқҳои дарпешистода ба такмили касбияти ҳайати шахсӣ дар омодагӣ ва гузаронидани амалиётҳои сулҳҷӯёна, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии саҳроӣ ва ҳамоҳангии контингентҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард”, - гуфта мешавад дар хабари Вазораи дифои Тоҷикистон.
Манбаъ мегӯяд, дар чаҳорчӯби машқҳои навбатӣ бори аввал тамринҳои махсус бо иштироки ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи аслии он таъмини амнияти биологӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД дар шакли омехта бо марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ- “Иттиҳоди зиддитеррористии 2025” баргузор мешаванд. Машқҳои муштарак то 24-уми октябр идома мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки низомиёни кишварҳои узви СААД таҳти унвони “Ҳудуд-2024” (Рубеж-2024) баргузор гардида буд. Дар ин тамринҳо без аз 1500 низомии кишварҳои аъзои ин созмон иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) - созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ғайр аз Русия, кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста