Муҳаммад Содиқ, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки дар пайи он се шаҳрванди Чин кушта шудааст, маҳкум кард. Ӯ рӯзи 27-уми ноябр дар фиристае дар саҳифаи “Х”-и худ ин ҳамларо “буздилона”, “террористӣ” ва “таҳдиди ҷиддӣ” аз хоки Афғонистон хондааст.

Ин ҳамла, ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шаби 26-уми ноябр анҷом шуда, қароргоҳи корхонаи маъдантозакунии "Шоҳин СМ" дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҳадаф қарор гирифтааст. Дар пай он се шаҳрванди Чин кушта шудааст.

Муҳаммад Содиқ гуфтааст, истифода аз паҳподҳои мусаллаҳ дар ин ҳодиса “шиддати таҳдид” ва “ҷасорати омилон он”-ро нишон медиҳад, ки аз хоки Афғонистон фаъолият мекунанд.

Муҳаммад Содиқ  илова кардааст, ки Покистон “ҳамчун ҳамсояе, ки борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористии барномарезишуда аз сарзамини Афғонистон шудааст” дарду ранҷи Тоҷикистону Чинро дарк мекунад ва “дар ин ғам шарик аст”.

“Истифодаи пайвастаи хоки Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва идомаи ҳузури онҳо таҳти сарпарастии режими Толибон* мояи нигаронии ҷиддии тамоми минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст”, - навиштааст ӯ.

Ӯ “иқдомоти амалӣ ва қобили ростозмоӣ алайҳи омилон, пуштибонҳо, мусоидаткунандагон ва маблағгузорони гурӯҳҳои террористиро, ки аз хоки Афғонистон амал мекунанд, ягона роҳи рафъи ин хатари рӯзафзун” донистааст.

 

Муҳаммад Содиқ
Аз саҳифаи Муҳаммад Содиқ дар шабакаи Х

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр аз ҳамла ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистон хабар дода, гуфт, он шаби 26-уми ноябр ба бошишгоҳи кормандони ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳамла бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак сурат гирифта, дар пайи он се корманди ҶДММ "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҳаросафканро қотеона маҳкум карда, аз мақомоти феълии Афғонистон (ҳукумати Толибон) даъват кардааст, ки барои таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя тадбирҳои муассир андешад.

“Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”, - изҳор дошт ин ниҳод.

Маълум нест, ки ин ҳамла мушаххас аз сӯи кадом гурӯҳ, ки дар Афғонистон мустақар аст, сурат гирифтааст. Ҳукумати Толибон ҳам дар робита ба ин ҳамла то кунун вокуниш накардаанд.

Қаблан Радиои Озодӣ навишта буд, ки баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" коркарди тило дар лаби дарёи Панҷ аз он сӯйи марз бештар шуд. Ҳоло дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд. Гурӯҳе аз онҳо аз марз гузашта, вориди Тоҷикистон гашт ва боздошт шуданд.

 

Минтақае, ки ба он ҳамла сурат гирифтааст
Намогирифти Радиои Озодӣ

Ҳамчунин, ин расона навишта буд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар сарҳад бо Афғонистон ба шаҳрвандони Чину Тоҷикистон ҳамла шуд. Дар натиҷа як шаҳрванди Чин кушта, панҷ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ гаштанд.

Ҳамчунин, чанд дафъа пас аз пешравии ширкатҳои истихроҷи вобаста ба “Толибон” ва тағйири маҷрои дарёи Ому миёни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ рух дода буд. Дар ин даргириҳо ҷонибҳо якдигарро ба истифода аз силоҳҳои сангин муттаҳам карда буданд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи "Толибон"-ро зиёд мекунад.

Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро расман шарҳ надодаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.