Дар пайи ҳамлаҳо ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистон ва кушта шудани 5 шаҳрванди Чин, ҳукумати Толибон* аз суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати худ дар Афғонистон хабар дод.
Дар иттилоияи ВКХ-и ҳукумати Толибон, ки имрӯз, 2-юми декабр нашр шуд, омадааст, ки ин гурӯҳ омодагии худро ҷиҳати таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва тақвияти амнияти марзӣ изҳор медорад.
Амирхон Муттақӣ ҳамкориҳои муштаракро барои суботи минтақа зарур донистааст.
“Тоҷикистон ва Афғонистон ахиран фазои эътимод барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, аммо бархе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб зананд", - омадааст дар иттилоияи ин гурӯҳ. Аммо аз ҳеҷ гурӯҳ ё ҳалқае дар изҳороти Толибон ном бурда нашудааст.
Дар идома Амирхон Муттақӣ куштори шаҳрвандони Чинро маҳкум карда, онро таассуфовар хондааст.
Бар асоси изҳороти Толибон, Сироҷиддин Муҳриддин аз таҳкими ҳамоҳангии марзӣ ҳимоят карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон барои беҳтар кардани муносибатҳо ҷонибдори таомули мусбат аст.

Ҳарду вазир тавофуқ карданд, ки робитаҳои мунтазам байни нерӯҳои марзӣ, кумитаҳои муштараки ҳамкориҳои амниятӣ ва нишастҳои техникӣ идома ёбад, то минтақа шоҳиди эътимоди мутақобила ва суботи бештар бошад.
Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин гуфтугӯ то кунун изҳори назар накардааст.
Пас аз 4 соли ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон, бори аввал аст, ки гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи ду кишвар расонаӣ мешавад.
Ин суҳбати телефонӣ дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи гузашта дар ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба манотиқии наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба роҳсозони чинӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.
Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.
ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфта буданд, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.
Баъди вуқуъи ин ҳамлаҳо, рӯзи 1-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба масъулин дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз Тоҷикистон хост, барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста