Дар шабу рӯзи баҳори имсола, ки болоравии нарху навои маҳсулот дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон то як андоза хотири сокинонро парешон кардааст, чанд рӯзи пеш ҳунармандони шаҳри Сарбанд талош намуданд, табъи  шаҳрвандонро бо таронаву ҳунаранамоии худ болида созанд.

Дар баробари пешниҳоди барномаи рангини консертӣ, намояндагони  корхонаву муассисаҳои шаҳри Сарбанд, маҳсулоти худро аз қабили меваву сабзаҷот, орду тухм ва дигар  анвои ғизоиро  бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон намуданд.

Гуфтанист рӯзҳои фарҳангии шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар Душанбе бо қарори шаҳрдорӣ бахшида ба 20-мин солгарди истиқлолияти кишвар   дар рӯзҳои истироҳатӣ  доир мешавад.

Ва тавассути чунин рӯзҳои сокинони пойтахт дар баробари истироҳати маънавӣ имкони харидории маҳсулоти арзони  кишоварзиро пайдо мекунанд.