Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар Ҳамоиши миллии нахустини занони гирифтори бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ) (ВИЧ/СПИД)-и Тоҷикистон, ки рӯзи 23-юми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занони Тоҷикистон ҷонибдори ояндаи бидуни СПИД!» баргузор шуд, дар бораи ташкили Қатънома ҷиҳати ҳалли мушкилоти занони гирифтори бемории СИИД дар Тоҷикистон қарор қабул шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази солимии равонӣ ва ВИЧ/СПИД-MHAIDS» Манижа Ҳаитова иттилоъ дод, дар ҳамоиш барои таҳияи ҳуҷҷати мазкур як гурӯҳе таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он занони гирифтори ин беморӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ шомил гардиданд. «Қатъномаи мазкур аз тавсияву пешниҳодоте, ки ба ҳалли мушкилоти занони гирифтори бемории СПИД, беҳбуди шароити рӯзгор, таъмин бо ҷойи кор ва ҳифзи солимии онҳо мусоидат мекунад, иборат хоҳад буд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, яке аз масъалаи муҳими ҳамоиш – ҷараёни таҳияи гузориши алтернативӣ оид ба CEDAW ( барҳам додани ҳама гуна навъҳои поймолкунии ҳуқуқи занон) аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, ки дар он эътилофи гендерии иборат аз 96 ташкилот ширкат хоҳад варзид. «Тавсияҳои шомил ба қатъномаи зикршуда ҳамчунин ба гузориши алтернативии CEDAW низ дохил карда шуда, Гузориши миллӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна навъи поймолкунии ҳуқуқ нисбат ба занон аллакай аз ҷониби ҳукумати кишвар омода гардидааст», - афзуд номбурда.
Сулолаи оҳангарон. Чӣ гуна усто Аҳмад касби аҷдодиашро идома медиҳад?
Мансаби нави Шодӣ Ҳафиззода ва исми сардорони нави раёсатҳои ВКД дар Суғду Рашт. Боз киҳо мансаб гирифтанд?
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста