Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — Бо даъвати Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия - Сергей Собянин ва бо мақсади  боздиди дӯстона Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 2 то 4 июни соли 2011 ба Маскав сафари хизматӣ анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар доираи ин сафар Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст 2-юми июн бо вазири Ҳукумати Москва, роҳбари  Департаменти шаҳри Москва оид ба иқтисоди беруна ва робитаҳои байналхалқӣ ҷаноби Черемин Сергей Евгеньевич мулоқот анҷом дода, масоили дар шакл ва сатҳи наву густурда роҳандозӣ намудани ҳамкориҳоро, пеш аз ҳама дар соҳаи инноватсия  мавриди баррасӣ қарор дод. «Рӯзи дигар, 3 июни соли 2011, М. Убайдуллоев бо раиси Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Москва, сармеъмори шаҳри Москва - Кузьмин Александр Викторович вохӯрӣ намуда, дар робита ба ҷалби потенсиали меъморони шахри Москва оид ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва тарҳрезии лоиҳаҳои муосири меъморӣ, ки таҷассумкунандаи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бошанд табодули назар намуда, дар ин зимн даъват ба миёновард, ки бо назардошти омилҳои мазкур, ки феълан татбиқи Нақшаи генералӣ дар хиёбони Рӯдакӣ оѓоз гардидааст, фаъолона ширкат варзанд», - гуфт Ш.Саидов.

Ба қавли мавсуф, нимаи дуюми ҳамин рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтои худ, раиси шаҳри Маскав - Сергей Собянин мулоқоти дӯстона ва самимӣ анҷом дода, бо изҳори қаноатмандӣ аз даъват ва пазироӣ масаълаҳои дар сатҳи нав тақвиятбахшии робитаҳои мавҷуда дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарию инноватсионӣ миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москваро таҳлилу баррасӣ намуданд.