Қӯрғонтеппа. 10-уми июн. «АзияПлюс» — | Прокурори назорати муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон Юсуф Ҳусейнов аз масъалаи бо кор таъмин набудани маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳии вилоят изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ мегӯяд, айни замон дар қаламрави вилояти Хатон чаҳор муассисаи ислоҳӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо бештар аз 1ҳазору 500 нафар маҳбусон адои ҷазо мекунанд.  «Мутаассифона, аз ин шумор ҳудуди 600 нафараш бо ҷойи кор таъмин асту халос, боқӣ ҳама бекоранд», - изҳор дошт ӯ.

Дар идомаи сӯҳбат прокурор иброз намуд, ки дар муассисаҳои ислоҳии Норак, Қӯрғонтеппа, Ёвон ва Гараут  маҳбусон хишти хому пухта, кӯрпаву кӯрпача ва сандуқу гавҳора месозанд. Ӯ Гуфт: «Масалан, соли гузашта муассисаи 3/6 –и ноҳияи Ёвон 35,8 ҳазор сомонӣ, 3/8 –и Норак 37,4 ҳазор сомонӣ ва 7/9 Қӯрғонтеппа 65,9 ҳазор сомони маҳсулот истеҳсол намудаанд.  Аммо ин кифоя нест, зеро чуноне болотар гуфтем, ҳамагӣ аз се як ҳиссаи маҳбусон  ба меҳнат чалб шудаанду ҳудуди 1 ҳазор нафари дигар бекор мондааст. Ин ҷо бояд гуфт, ки моддаи 107-и Кодекси ичрои ҷазои Ҷумҳурии Тоҷикистон муасиссаҳои ислоҳиро вазифадор менамояд, ки  маҳбусонро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Вазифаи асосии муассисаҳои ислоҳӣ ва мақсади ба муассисаи ислоҳӣ фиристодани ҷинояткорон низ дар он аст, ки онҳо ба меҳнат ҷалб карда шаванд, то ки ислоҳ бишаванд.  Ҷои таассуф аст, ки наздики ҳазор нафар маҳбусони мо рӯзи дароз бекоранд».

Ба қавли масуф, тарафи дигари масъала дар он аст, ки маҳбусон дар вақти содир намудани ҷиноят, ба давлат ва ташкилотҳои давлатӣ ва ё ба шахсони алоҳида зарари моддди расонидаанд. «Вақте маҳбусон ба муассисаҳои ислоҳӣ оварда мешаванд, ба ин муассисаҳои ислоҳӣ иҷроварақаи судӣ фиристода мешаванд, ки бояд маҳбус ин зарарро чуброн намояд, - идома медиҳад ӯ. - Дар ҳоле ки маҳбусон ба меҳнат ҷалб намешаванд, ин маблағҳои зарар ҷуброн намешавад. Ин ҷо адолати иҷтимоӣ дар баробари ҷабрдидагон вайрон мешавад. Бубинед, ки аз аввали сол ба муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон нисбати 102 маҳбус 118 иҷроварақа ба маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз ин 2 миллиону 797 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ва наздики 1,7 миллион ба шахсони алоҳида бояд ҷуброн карда шавад. Аммо дар ҳамин давра ҳамагӣ 13 ҳазор сомонӣ зарар ба ҷабрдидагон ҷуброн шудааст».

Бино ба гуфти прокурор, сабабҳои ба меҳнат ҷалб нашудани маҳбусон, ин набудани маблағ барои таъсиси ҷойҳои корӣ, набудани муҳофизон (конвой) ва шароитҳои техникӣ барои ба корхонаҳои саноатӣ бурда кор фармудани маҳбусон мебошад. «Дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои саноатии зиёд фаъолият мекунанд, вале аз сабаби набудани муҳофизон ва шароитҳои техникӣ муҳофизи роҳбарияти муассисаи дар ноҳияи Ёвон буда наметавонад бо корхонаҳои саноатӣ шартнома ба имзо расонида, маҳбусонро ба  кор чалб намояд.   Дар шаҳри Норак бошад, ягон корхонаи саноатӣ нест, ки маҳбусонро ба кор ҷалб намоянд.  Як нуқтаро қайд намудан бамаврид аст, ки дар ин муассисаҳои ислоҳӣ даврони шӯравӣ коргоҳҳо буданд ва маҳсулоти зиёд истеҳсол мекарданд. Хуб мешуд, соҳибкорони ватанӣ каме таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҳамин коргоҳҳои дохили муассисаҳои вилоятро ба кор меандохтанд. Ин ҷо ҳам соҳибкор фоида мегираду ҳам маҳбус бо кор таъмин шуда, ислоҳ мешавал ва фардо даст ба ҷиноят намезанад», - иброз дошт ӯ.

Ба суоли он, ки оё бекорнишинии маҳбусон ба саломатии онҳо таъсирашро намегузорад, прокурор изҳор намуд, ки «албатта, бекорнишинӣ ба системаи асаби онҳо таъсирашро мерасонад». «Тасаввур кунед, ки саҳар аз хоб мехезад, варзиши бадан мекунад, субҳонаашро мехӯраду бекор. Дар хона агар як соат зиёдтар бекор нишинӣ, чӣ қадар асабӣ мешавӣ. Акнун тасаввур кунед, ки солҳо маҳбусон бекор дар як ҳуҷра менишинанд. Аз як тараф бекорнишинии маҳбусон ба саломатии худи онҳо зарар расонад, аз тарафи дигар ба бучаи давлат зарари калони моддӣ расонида мешавад. Шояд вақти он расидааст, ки сари ин масъала андеша кард. Сараёсати иҷрои ҷазои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд роҳҳои пайдо намудани маблағ ва ё ҷалби соҳибкоронро дарёфта, маҳбусонро бо ҷойи кор таъмин намояд», - афзуд дар поёни сӯҳбат Ю.Ҳусейнов.