Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бинобар нооромии вазъ дар Яман бо мусоидати намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои Вазорати ҳолаҳои фавқулоддаи Русия аз Яман ба Маскав оварда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ин шаҳрвандон муваққатан дар Яман кору зиндагӣ дошта, дар фурудгоҳи «Домодедово» онҳоро кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон пешвоз гирифтаанд. «Чанде аз шаҳрвандони аз Яман бозгашта, худи ҳамон рӯз озими Душанбе гардида, қисмате дар Русия назди хешу ақрабо монданд», - гуфтанд дар сафоратхона.
Ба иттилоиманбаъ, бар асари бетартибиҳои оммавӣ, ки шурӯъ аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар Яман идома дорад, ҳеҷ яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидааст.
Мухолифини ҳукумат истеъфои фаврии президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро, ки беш аз 30 сол ба кишвар сарварӣ мекунад, тақозо доранд.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста