Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Манучеҳр Ҳусейнов аз бозии «Лотои давлатӣ»-и Русия 14 млн. рубл бурд кард.
Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, Манучеҳр Ҳусейнов бо падару модар ва зану фарзандаш муддати зиёд аст, ки дар шаҳри Омски Русия кору зиндагӣ доранд ва ӯ се сол аст, ки дар «Лото» бозӣ мекунад. Дар назди вокзали роҳи оҳани ин шаҳр оилаи онҳо ба санбӯсапазӣ машғул будаанд.
Модари Манучеҳр мегӯяд, онҳо зиёда аз 10 сол аст, ки дар шаҳри Омск ба ин кор машғул буда, акнун якчанд гуқтаҳои фурӯши худро боз кардаанд.
Манучеҳр гуфтааст, ин бурди калон барои оилааш буда, мехоҳад аҳли оиларо хушбахту сарбаланд бубинад.
Хабаргузориҳо менависанд, акнун ин оилаи тоҷик ният доштааст, ки дар наздикиҳои шаҳри Омск як ферма бунёд намуда, 200-300 сар гӯсфандҳои зотӣ бихаранд. «Аз ҳар 100 сар гӯсфанд 80 барра насл гирифта мешавад ва дар муддати 6 моҳ метавон онҳоро барои ба фурӯш баровардан парвариш кард, ки як сари он 3500-4000 рубл арзиш дорад ва албатта, ин тиҷорати даромаднок аст», - гуфтаанд оилаи Ҳусейновҳо.
Зикр мегардад, ки баҳри роҳандозии ин тиҷорат онҳо 3 млн. рубл маблағ масраф карданӣ будаанд. Боз 5 млн. рубли дигар ҷиҳати харидории манзили зисти шахсии оила пешбинӣ шуда, худи Манучеҳр соҳиби автомашинаи хуби тамғаи хориҷӣ шуданист.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста