Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соҳибкорони Чин, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе баҳри иштирок дар кори Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Маҳсулоти содиротии ВАСУ (СУАР) Чин – Тоҷикистон 2011» қарор доранд, ба хонаи кӯдакони рақами 2-и пойтахт дасти ёрӣ дароз намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ба аъзои хурдсоли ҷамъият кӯмак расонида шудааст, ки ҳаёти онҳоро наметавон беғубор шумурд.
Зимни суханронӣ дар назди кормандону тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон сардори Раёсати савдои наздисарҳадӣ дар назди ҳукумати вилояти Синтзян Уйғури Чин Ян Кай Сен зикр кард, ки дасти ёрӣ дароз намудан ба кӯдакони ятимро бояд ҳар як шахс вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморад. «Ба вазъи кӯдакони ятим таваҷҷӯҳи ҳар як шахс зарур аст, ва то чӣ андозае, ки ҳарчи бештар одамон ба он таваҷҷӯҳ зоҳир созанд, шумори кӯдакони бадбахт миёни мо камтар шуда, зиндагии онҳо ва ояндаи мо низ хушбахтона хоҳад буд», - иброз дошт вай.
Дар навбати худ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Асаналӣ Карамалиев изҳор кард, ки ҳар як шахси солимфикр бояд дарк намояд, ки расонидани кӯмак ба ятимон то чӣ андоза кори муҳим аст. «Албатта, иқдоми хайрияи соҳибкорони Чин намунаи арзандаи ибратомӯзӣ аст», - таъкид сохт ӯ.
Мудири хонаи кӯдакони рақами 2-и пойтахт Қумрӣ Тулиева мегӯяд, айни замон дар ин ҷо 100 нафар кӯдакони ятим ба тарбия фаро гирифта шуда, ҳамаи онҳо ба таваҷҷӯҳу ғамхорӣ эҳтиёҷманданд. «Онҳо ба омадани ҳар як меҳмон ва сӯҳбат бо онҳо беҳад хурсанд мешаванд. Ин кӯдакон муҳитро ба тарзи худ дарк мекунанд, вале қалби онҳо дар ин лаҳзаҳо саршор аз самимият аст», - афзуд мудири хонаи кӯдакон.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста