Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Хазинаи ҷамоатхо барои мусоидат ба рушди таълимоти заминавӣ ва барқарорсозии зербинои коммуналӣ» 15 мактаби таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Бино ба иттилои мудири иҷрокунандаи Хазинаи миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон Саидаҳмад Мирзоев, ҳадаф аз татбиқи барнома беҳбуди шароити таълим дар мактабҳои ибтидоӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ буда, айни замон марҳилаи дуюми барнома мавриди амал қарор дорад, ки фарогири 20 ноҳияи вилояти Хатлон аст.
«Ҳаҷми бюҷети марҳилаи дуюми барнома 15,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 15,4 млн. $ сармоягузории ҳукумати Олмон буда, 0,32 млн. саҳми ҳукумати ҶТ ва 0,19 млн. $ саҳми ҷамоат аст. Маблағҳои мазкур пурра ба рушди соҳаи маориф равона гардида, ба беҳбуди вазъи се навъи мактабҳо – мактабҳои воқеъ дар вагонҳо, мактабҳои воқеъ дар хонаҳои шахсӣ ва мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта маблағгузорӣ хоҳад шуд.
С. Мирзоев мегӯяд, дар марҳилаи дуюми барнома амалисозии 38 лоиҳа дар се давра то соли 2013 пешбинӣ мегардад.
Хазинаи тоҷикии иҷтимоии сармоягузорӣ соли 1997 барои амалисозии лоиҳаи санҷишӣ оид ба сабуксозии мушкилоти камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд. Соли 2002 он ба Хазинаи миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон табдили ном кард ва феълан лоиҳаи дуюм оид ба сабуксозии мушкилоти камбизоатӣ дар ҷумҳуриро амалӣ месозад.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста