Хуҷанд. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳукуматдорони Қирғизистон фаъолияти казинои «Шангри Ла» дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро, ки миёни аҳолии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ писандида буд, мутаваққиф сохтанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарчашмаҳои огаҳ хабар доданд.
Дар хусуси сабабҳои боздошти фаъолияти казинои мазкур ҳанӯз чизи мушаххасе маълум нест, вале тибқи баъзе маълумот, ин амал бо нишондоди додситони вилояти Ботканди Қирғизистон сурат гирифтааст.
Казинои «Шангри Ла» моҳи январи соли 2010 ба фаъолият пардохта, дар марзи се кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон воқеъ аст. Казино дар масофаи 22 километр аз шаҳри Хуҷанд, 170 километр аз шаҳри Тошканд (Ӯзбекистон) ва 120 километр аз шаҳри Ботканд (Қирғизистон) ҷойгир шудааст. Дар толори казино 40 автоматҳои бозӣ, 15 мизи бозӣ барои рулетка, покер, блек-ҷет гузошта шуда, ҳамчунин VIP-толорҳо барои бозӣ бо маблағҳои ҳадди ниҳоӣ мавҷуданд.
Казино ба холдинги Storm International (Шторм Интернэшнл) мутааллиқ буда, он соли 1992 аз ҷониби шаҳрванди Британияи Кабир Майкл Боттчер ба сифати оператори байнулмилалии индустрияи фароғат таъсис дода шудааст. То наздикиҳо ҳиссаи тиҷорати холдинг дар Русия – маҷмааҳои маскавии «Шангри Ла» ва «Х.О.», «Ҷаз Таун», «Ню-Йорк», «Карнавал», «Ударник» ва шабакаи «Супер Слотс» мутамарказ гардонида шуда буд. Соли 2007 мақомоти раҳбарии шркат оид ба рушди холдинг дар бозори байнулмилалӣ қарор қабул кард. Пас аз як сол Storm International дар Арманистон як ва Қирғизистон ду казино боз намуд.
Қоили зикр аст, ки чанде қабл фаъолияти казинои «Колизей», ки начандон дуртар аз казинои «Шангри Ла» воқеъ буд, низ қатъ карда шуд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста