Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико оиди озод кардани рӯзноманигори БиБиСи Ӯрунбой Усмонов ва қарори Прокуратураи генералӣ оид ба бардоштани айбдоркунӣ оиди алокамандии ӯ бо Ҳизб-ут-Таҳрир изҳори қаноатмандӣ мекунад.
«Мисли ҳамаи рӯзноманигорон, ҷаноби Усмонов барои иҷроиши хуби вазифаи қонунии худ ҳамчун рӯзноманигор бояд бо доираи васеи шахсон мулоқот намояд. Мо аз мақомот даъват менамоем, то ки айби боқимондаро оиди хабардор накардани ҳукумат аз корҳои ғайриқонунӣ бекор кунанд», - гуфта мешавад дар иттилоияи интишорнамудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.
Рӯзи 14-уми июли соли равон нисбат ба рӯзноманигор чораи ҷазо тағйир дода шуда, ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста