Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷеффри Лерер, муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии тиби оилавӣ хонум Мавзуна Ғуломова ва роҳбари шӯъбаи тандурустии шаҳри Ваҳдат хонум Бунафша Азимова ба 11 нафар хатмкунандагони курси шашмоҳаи омӯзиши тибби оилавӣ, ки дар Маркази таълимии тибби оилавии Маркази саломатии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, дипломҳо пешкаш намуданд. Акнун хатмкунандагон ба маҳаллаҳои худ баргашта, ба беморон расонидани кӯмаки тиббиро беҳтар ба роҳ мемонанд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти маросими тақдими дипломҳо ҷаноби Ҷеффри Лерер иброз дошт: «Тибби оилавӣ намунаи муносибтарин ва каммасрафтарини кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аст. Духтурони оилавии таълими хуб гирифта метавонанд бемориҳои тамоми аҳли оиларо табобат кунанд. Духтури оилавии баландихтисос оиди зарурати эмкунии кӯдак, ташхиси маъмулии зани ҳомиладор ё дар мавриди дарди сар ё ҳарорати баланд доштани аъзои оила метавонад маслиҳат диҳад ва ба оила кӯмаки зарурӣ расонад»   

Бо дастгирии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» моҳи январи соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат Маркази таълимии тибби оилавӣ кушода шуд. Бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии тиббии оилавӣ ва дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии таври илмӣ асоснокшуда ва баландсифат маркази мазкур омӯзишро дар якҷоягӣ бо таҷрибаи тиббӣ мегузаронад. Бо мақсади таъмин намудани кӯмаки тиббии арзон, босамар ва ба аҳолӣ дастрас, мустаҳкамкунии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА (USAID) оид ба рушди байналмиллалӣ мебошад.

Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» барномаи панҷсолаи беҳтаркунии вазъи тандурустӣ дар Осиёи Миёна ба воситаи ҷоринамоии усулҳои муосири баланд бардоштани сифат ва меъёрҳои байналмиллалии таври илмӣ асоснокшуда ба ислоҳотҳои давомдори соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳа ба амалинамоии Стратегияи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак мерасонад ва бо мақсади таҳкими соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифат бо шарикони маҳаллӣ ва байналмилаллӣ ҳамкорӣ мекунад. 

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Оҷонсии Иёлоти Мутттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ амалишуда шуда мебошад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар шахри Душанбе барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф Тоҷикистон таҳминан 984 миллион доллари ИМА-ро таъмин намудааст.