Қӯрғонтеппа. 20-уми июл. «Азия-Плюс» - | Маслиҳатхонаи хуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа бинобар аз 11-уми июл бе дафтари корӣ монданаш фаъолияти худро муваққатан қатъ кард. То ҳанӯз ҷустуҷӯйи дафтари кории нав барои ҳимоятгарон ба ҳеҷ натиҷае нарасиданд. Айни замон мушкилоти мазкур муҳим боқӣ монда, ба ҳалли он ҳукуматдорони вилояти Хатлон рӯ оварданд.

Раиси президиуми адвокатҳои вилояти Хатлон Ғулом Бобоев зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» оид ба ин масъала изҳор дошт, ки чанд рӯзи ахир зиёда аз 20 нафар ҳимоятгарони амалкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа наметавонанд ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ пардозанд. «Рӯзи 11-уми июл харобсозии биное, ки муддати 38 сол маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ дар он қарор дошт, оғоз гардид. Дар натиҷа адвокатҳо бе ҳуҷраҳои корӣ монданд. Як моҳ қабл ҳукумати шаҳр моро ба таври хаттӣ аз харобсозии бино огоҳ карда, дархост намуд, ки дафтари кории дигар пайдо кунем. Мо чандин маротиба ба раиси шаҳр ва дигар шахсони масъул бобати кӯмак расонидан ба дарёфти дафтари кории нав муроҷиат кардем. Ба мо ваъда доданд, ки дар ҳалли ин мушкил мусоидат хоҳанд кард. Дар натиҷа ба мо якчанд ҳуҷраи корӣ дар бинои матбаа ва шӯрои иттифоқҳои касабаро тавсия карданд, вале дар он ҷой ба мо иҷорадиҳиро рад сохтанд», - гуфт Бобоев.

Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта шахсан раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев кӯшиш кардааст, ки барои ҳалли ин мушкил мусоидат кунад ва ба як қатор ширкатҳои хусусӣ занг зада, дархост кардааст, ки бо нархи арзон ба мо дафтари корӣ иҷора диҳанд. «Ба ҳар ҳол, маблағи иҷора дар биноҳои хусусӣ хеле гарон буда, мо аз ӯҳдаи пардохти он намебароем», - гуфт роҳбари адвокатҳои вилояти Хатлон.

Ғ.Бобоев ҳамчунин иброз дошт, ки адвокатҳои давлатӣ ба маблағи ночиз кор мекунанд. Масалан, хизматрасонии ҳимоятгар аз рӯйи як парванда 200 сомонӣ арзиш дорад, ки 75%-и он ба буҷаи давлатӣ равона гардида, боқимондааш ба пардохти маоши адвокат масраф мегардад. «Албатта, ҳимоятгарони соҳиби иҷозатнома низ машғули коранд, ки барои хизматрасониашон маблағи зиёд талаб мекунанд ва дар ҷараёни тафтишоти парванда ройгон иштирок намекунанд. Зимни баррасии тамоми парвандаҳои ҷиноие, ки ба ҳимоятгарони давлатӣ ниёз доранд, мақомоти тафтишот ба мо муроҷиат мекунанд. Мо дар ҷараёни тафтишоти ин парвандаҳо иштирок карда, ҳуқуқи гумонбаршудагонро ба таври ройгон ҳимоя мекунем», - таъкид дошт Бобоев.

Имрӯз беш аз 20 нафар ҳимоятгарони шаҳри Қӯрғонтеппа маҷбуранд, ки мизоҷони худро дар чойхона қабул кунанд. «Магар дар чунин шароит метавон кор кард? Охир мо аз ҳуқуқи инсон дифоъ мекунем», - изҳори норизоӣ мекунад яке аз адвокатҳо.

«Ман ҳамчун раиси президиуми адвокатҳои вилояти Хатлон ба ҳамаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуда, онҳоро аз ин мушкилотамон огоҳ кардам. Акнун то ба ифоқа омадани вазъият ва барқарор шудани фаъолият, адвокатҳои мо имкони иштирок дар тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноӣ, ҳузур доштан дар дигар амалҳои таъмини дифои ҳуқуқи дастгиршудагон ва гумонбаршудагонро надоранд», - таъкид сохт Ғулом Бобоев.

Дар робита ба ин қазия муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Тағоймурод Қосимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тамоми созмонҳои дар он бино фаъолиятдошта як моҳ қабл аз харобсозии бино огоҳ карда шуданд. «Ин бинои воқеъ дар кӯчаи Айнӣ тибқи нақшаи генералии шаҳр хароб гардида, ба ҷойи он бинои истиқоматии 14-ошёна бунёд карда мешавад. Мо ба адвокатҳо кӯчидан ба дигар ҷой, аз ҷумла, бинои раёсати шӯрои иттифоқҳои касаба ва матбааи шаҳрро тавсия додем. Ин биноҳо дар тавозуни маъмурияти шаҳр қарор доранд ва маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ низ метавонист дар он фаъолият дошта бошад», - гуфт Қосимов.

Аз фаъолият бозмондани маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳр миёни мансабдорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вокуниши гуногун ба бор овард. Сардори РКД-и вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков дар ин ҳеҷ мушкилеро намебинад, зеро дар шаҳр адвокатҳои хусусии иҷозатномадор низ фаъолият мекунанд.

Сардори шӯъбаи тафтишотии Раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Исмоил Салимов мухолифи ин ақида буда, бар ин назар аст, ки адвокатҳо набояд фаъолияти худро қатъ созанд. «Ин ба кори мо таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз зимни баррасии ҳар як парванда мо бояд ҳатман ҳузури адвокатро таъмин кунем. Кори моро бидуни ҳимоятгарон наметавон тасаввур кард», - мегӯяд ӯ.

Муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадсаид Насимов низ бо ӯ мувофиқ аст. «Бурдани кори тафтишотӣ бидуни ҳимоятгар – нақзи ошокорои ҳуқуқи инсон аст. Бидуни адвокат мо наметавонем иҷозатнома барои ҳабсро дастрас созем ва ҳукм содир кунем. Тафтишот бидуни ҳимоятгар тасаввурнопазир аст», - мӯътақид аст Насимов.

Дар ҳамин ҳол, барои ҳалли мушкилоти мазкур дахолати раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов зарур шуд. Рӯзи душанбе, 18-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ ӯ ба муовинони худ ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев супориш дод, ки адвокатҳои шаҳрро бо бинои нави корӣ таъмин созанд.

«Мо бояд адвокатҳоро дастгирӣ кунем, зеро онҳо ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд ва сиёсати имрӯзаи давлат низ ба ҳифзи ҳуқуқи инсон равона шудааст», - таъкид кард раиси вилоят.

Қобили зикр аст, ки дар паёми ахири президенти Тоҷикистон мақоми адвокат мушаххас нишон дода шуда, сарвари давлат супориш дод, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» тағйиру иловаҳо таҳия ва ворид карда шаванд. Дар моддаи 14-и Қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи адвокатура» гуфта мешавад: «Давлат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ адвокатураҳоро бо биноҳои лозимӣ дар ҷойҳои барои шаҳрвандон қулай ва дар наздикии судҳо таъмин мекунанд. Биноҳо барои ҷойгиронии аз рӯи ставкаҳои пасти иҷорапулӣ, ки аз меъёри барои судҳо муқарраршуда зиёд нест, дода шуда, инчунин мусоидат менамояд, ки биноҳои барои ҷойгиронии адвокатураҳо ишғолкардаи коллегияи адвокатҳо моликияти онҳо гардад».