То 1-уми сентябри соли равон аз макотиби динии кишварҳои исломӣ 1 ҳазору 950 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи маорифи Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идибек Зиёев хабар дод, умуман дар кишварҳои исломӣ 2 ҳазору 413 нафар тоҷикистониён дар макотиби динӣ таҳсили илм мекарданд.
«Ба ватан танҳо он донишҷӯёне барнагаштанд, ки расман аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин ба таҳсил фиристода шуда буданд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, аз донишҷӯёни ба ватан баргашта 129 нафар ба муассисаҳои таълимотии маҳаллӣ, 67 нафар ба макотиби таҳсилоти умумӣ, 57 нафар ба макотиби олии гуногун ва 8 нафар ба мадрасаҳо қабул карда шудаанд.
«Аммо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки пас аз бозгашт боз ба ҷойи таҳсили пешина рафтанд, зеро онҳо дар курси охир таҳсил мекарданд ва мо ба онҳо иҷозат додем, ки таҳсилашонро ба итмом расонанд», - иброз дошт намояндаи кумита.
Дар мавриди тақдири минбаъдаи дигар донишҷӯёни баргашта Зиёев гуфт, «онҳо дар дохили кишвар ба таҳсили худ идома дода наметавонанд, зеро ягон ҳуҷҷате надоранд, ки таҳсилашон дар марказҳои динии кишварҳои исломиро тасдиқ намояд, вале айни замон аксари онҳо дар созмонҳои динӣ фаъолият дошта, бархеашон муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд».
Қобили зикр аст, ки ҷавонони тоҷик асосан дар макотиби динии кишварҳои исломие чун Арабистони Саъудӣ, Либия, Миср, Эрон, Покистон ва Яман таҳсил мекарданд.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста