Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар барқарор намудани ду бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Файзобод ва як мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Тавилдара кӯмак кард

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафири ИМА Кен Гросс дар маросимҳои ифтитоҳии ду нуқтаи тиббии аз нав барқароршуда дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод ширкат варзид. Дар маросимҳо инчунин муовини Вазири тандурустӣ Саида Бобоевна Ҷобирова, роҳбари раёсати тандурустии ноҳияи Файзобод Караматулло Шарифов, раиси маҳаллаи Ҷонварсӯз Мирзо Холов, раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, роҳбари Каунтерпарт Интернейшнл дар Тоҷикистон Мӯъмин Сидикшоев ва раиси ҷамоати маҳаллии Дуоба Низомиддин Шамсов иштирок намуданд. 

Нуқтаи тиббии дар Дуоба ҷойгирбуда дар зарфи ҷанги шаҳрвандӣ осеби зиёд дида буд ва дармонгоҳи тиббии Ҷонварсӯз аз боришот хеле хароб гашта буд.  Дар ҳарду бино аз ҷониби Сафорати ИМА фаршҳои чӯбӣ иваз гардиданд, деворҳо ва шифтҳо аз нав гаҷ ва ранг карда шуданд ва тирезаҳои нави пластикӣ ва тахтачаҳои сафолӣ насб шуданд, инчунин системаи таъмини барқ барқарор гардонида шуд. Маблағи умумии корҳои таъмирӣ 24 ҳазор долларро ташкил дод.

Барои иваз шудани боми ҳарду бино дар лоиҳаи мазкур мақомоти иҷроия ва маҳаллии ноҳияи Файзобод ба маблағи ҳазорҳо доллар саҳм гузоштанд. Иншоотҳои тандурустии таъмиргашта ба 7500 нафар сокинони ин маҳал, ки 95 фоизи сокинони он дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, хизмати тиббӣ фароҳам хоҳад овард. 

Ҳамчунин командири корҳои шаҳрвандӣ майор Арнел Девид ва сардори гуруҳи кумакрасонии ҳарбӣ-шаҳрвандӣ Уэсли Стронг аз сафорати ИМА дар маросими ифтитоҳи мактаби аз нав таъмиршудаи №10 дар ноҳияи Тавилдара иштирок карданд.

Барномаи кӯмакрасонии ёрии гуманитарӣ дар холатҳои фавқулода ва аҳолии шаҳрвандӣ дар хориҷа дар департаменти мудофеаи ИМА барои барқарорсозии мактаб 48900 доллар харҷ намуд. Мактаби таъмиршуда ба зиёда аз 120 талаба имкони таҳсилкуниро пешниҳод мекунад ва имкониятҳои донишомӯзии талабагони ин минтақаро пурзӯр мегардонад.

Мактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиёни зиёде дид ва аз он вақт таъмир нашуд. Пеш аз ин лоиҳа, кӯдакони маҳаллӣ дар хонаҳо дарс мегирифтанд. Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллӣ вайронаҳоро таъмир намуданд ва кӯдакон имконияти ба мактаб баргаштанро пайдо намуданд. Мактаб аз ҳамин рӯз расмӣ кушода шуд ва муаллимон ва талабагон ба синфҳои худ баргаштанд.