Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нисбат ба гуфтаҳои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, ки ӯро ба гузаштан ба мазҳаби шиа гунаҳкор карда буд, аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бурданист.
Тӯраҷонзода исрор мекунад, ки изҳороти аз номи Шӯрои уламо интишоргардида бо аъзои он мувофиқа нагардида, онҳо онро дастгирӣ накардаанд.
Имрӯз ба намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеи Муҳаммадияи ҷамоати Туркободи ноҳияи Ваҳдат ҷиҳати шиносоии ибоаткунандагон бо изҳороти Шӯрои уламо, ки дар он оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими мазҳаби шиа «Ошӯро» гунаҳкор дониста мешавад, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов омаданд.
Аммо издиҳом бо фарёдҳои ғазабнок ба раиси Шӯрои уламо имкони суханронӣ надод. Пас аз ин раиси Шӯрои уламо масҷидро тарк гуфт.
Дар ҳамин ҷо раиси шаҳри Ваҳдат Анвар Вайсиддин гуфт, рӯзҳои наздик шояд мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузор шавад.
Зимни суханронӣ дар намози ҷумъа миёни якчанд ҳазор намозгузорон Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламоро ба барангехтани нифоқ миёни мусулмонон гунаҳкор кард. Ӯ изҳороти Абдуқодирзодаро иғвогарӣ хонда, ӯро ба ҷонибдорӣ ба салафия айбдор кард.
Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон Тӯраҷонзода гуфт, имрӯз унвонии ӯ даҳҳо хабар расидааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, имом-хатибон супориш гирифтаанд, ки дар намози ҷумъа ибодаткунандагонро бо изҳороти Шӯрои уламо шинос намоянд. Ӯ қайд кард, ки маросими мазҳаби шиаи «Ошӯро» бо занҷирзаниии худ, ки оилаи ӯро ба он айбдор кардаанд, ҳеҷ гоҳ дар масҷиди Муҳаммадия баргузор нашудааст.
«Дар ҷараёни намоз мо танхо аз номи набераи пайғамбар Муҳаммад (с) Имом Ҳусейн ёдовар шудем ва ин танҳо шарҳу тавзеҳи далели марги ӯ буд. Ёдоварӣ кардан аз Имом Ҳусейн мухолифи мазҳаби ҳанафӣ нест. Ба ин монанд ёдовариҳо муддати аллакай 50 сол аст, ки дар оилаи Тӯраҷонзода сурат мегирад», - изҳор кард Тӯраҷонзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар замони шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифаи Қозии Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеи асосии шаҳри Душанбе низ чуни маросими ёдоварӣ доир мегардид. Дар масҷиди Муҳаммадия аз ин маросим тӯли 12 сол аст, ки ёдоварӣ мекунанд.
Дар изҳорот ба ибодаткунандагон Эшон Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҷонибдори сулҳу суботи ҷумҳурӣ будан ва дастгириашон ба президентро таъкид сохта, аз ибодаткунандагон даъват ба амал оварданд, ки сабру таҳаммулро аз даст надода, фирефтаи иғвогариҳо нашаванд.
Мансаби нави Шодӣ Ҳафиззода ва исми сардорони нави раёсатҳои ВКД дар Суғду Рашт. Боз киҳо мансаб гирифтанд?
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мусулмон16 сентябр, 2013 16:22
Иншоаллох хакикат руи об мехезад хамаи мо мефахмем инкадар тухмат назанед
Мусулмон16 сентябр, 2013 16:20
Барои чи шумо оилахои Турачонзодахоро тахкир мекунед холо шумо хакикатро надидеду шунидед ман на пуштии шуморо мегирам на пуштии Турачонзодаро. иншоаллох хакикатро мефахмем морам интизорем кай хакикат руи об мехезед. магар шумо мусулмон нестед? каме аз руи Хадисхои расули акрам (с) пайрави кунед.тибки ислом тухмат задан бар муъмин чоиз хаст албатта, ки не. Аллох бар хамаи мову шумо таъвик ва илми исломи дихад
Саидчон13 декабр, 2011 18:48
Амалхои ношоистаро махкум менамоем. Мо, як гурух сокинони шахри Вахдат тавассути шабакахои интернети огохи ёфтем, ки Турачонзодахо дар масчиди хеш нисбат ба рохбарияти дини Xукумати Чумхури Точикистон амалхои ношоистаро раво дидаанд. Бинобар ин, мо хамчун шахрванди кишвари Тоxикистони азиз ин амали онхоро гайриконуни ва гайри инсони шумурда, аз рохбарияти кишвар талаб менамоем, ки оид ба рафтори гайри инсонии онхо чорахои дахлдор андешанд. Зеро тавассути амалхои онхо солхои 90-уми асри гузашта хазорхо чавонмардони баору номуси диёр курбон шуданд ва то имруз ин дог аз руи чавонмародони шахри Вахдат нарафтааст. Бо вучуди он имруз садхо чавонмардони дигари шахр дар махбасхонахо махбусанду Турачонзодахо дар озоди. Шерали Мусоев, Ахмад Рачибов, Ш Ватанов ва боз дахо сокинони шахри Вахдат Ба Турачонзодахо Мeхтарам Турачонзодахо хуб медонам, ки шумо ба панду насихати касе эхтиёч надоред. Аммо дониста бошед, ки ин амалхои ночавонмардонаи шумо боз ки медонад, сари чанд нафари дигарро мехурда бошад. Толибилм Бас аст, хоингарои! Хоин будан кори пастфитратон аст. Аммо намедонам, ки Турачонзодахо, ки дар кишвар аз маъруфтарин шахсияхо маъсуб мешаванду ба чунин хоингарои машгуланд. Агар хамин тавр намебуд, пас чаро мехмоннавозии миллати точик, ки дар чахон машхур аст, онро дар як лахза бо воридшавии муфтии мамлакат ва раиси дин лагв карданд. Магар ин хоинигарои нест. Офтобак Эътикодам аз Турачонзодахо гашт. Ман яке аз мухлисони ашадии эшони Нуриддинчон будам. Хар як вазъашро бесаброна интизори мекашидам. Рузи 9 декабр хангоми баргузории намози чумъа ба масчиди дехаи Вахдатобод, чое, ки эшон вазъ мегуяд мехмонон, аниктараш рохбарияти дини мамлакат ташриф оварданд. Кабули мехмононро аз чониби рохбарияти масчид, ки аслан масчид азони Турачонзодахост ва онро бевосита сарвари менамоянд, дида ангушти хайрат газидам. Бовар кунед, паст будани одам хам ба ин дарача намешудагист. Ин холатро дида эътикодам аз эшону Турачонзодахо кохиш ёфт. Хулоса кардам, ки вазъи мегуфтаи онхо чизи дигар асту худи онхо каси дигар. Шояд хамааш ба хотири конеъ кардани нафси харомашон бошад. Собир мухлиси Турачонзодахо