Шумори беморони Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ) (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли равон 3 ҳазору 846 нафарро ташкил дод. Соли 2011 дар ҷумҳурӣ 989 ҳодисаи нави гирифтори ба ин беморӣ ва дар соли 2010 1 ҳазору 4 ҳолати бори нахуст гирифтор шудан ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ВНМО/АПНМ-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз шумори нав ба беморӣ гирифторшудагон 407 ҳолат ба шаҳри Душанбе, 229 – ба ноҳияҳои тобеи марказ, 158 ҳолат ба вилояти Хатлон, 142 – ба вилояти Суғд ва 53 ҳолат ба ВМКБ рост меояд.
Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ афзоиши шумори чунин беморон ба мушоҳида расида, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд коҳиши ин шумор сабт шудааст.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон расман ҳудуди 4 ҳазор нафар беморони СПИД ба қайд гирифта шуда бошанд ҳам, коршиносон бар ин назаранд, ки ин шумор чанд маротиба бештар аст. Дар Тоҷикистон шахси аввали гирифтор ба ин беморӣ соли 1991 сабт гардида буд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста