Дар шаҳри Душанбе ҷараёни амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Русия оид ба омодасозии муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуд.
Чанде қабл дар рафти вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбари намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон Виктор Себелев масоили амалисозии лоиҳаи муштараки санҷишӣ оид ба омодагии касбии муҳоҷирони кории тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа омӯзиши забони русӣ ба муҳоҷирон дар назар аст. Лоиҳаи санҷишӣ дар заминаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 66-и шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар хабар доданд, С.Девонаев ба ҳамтои русиягии худ дар бораи фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва чораҳои андешида дар самти танзими раванди муҳоҷирати корӣ маълумоти муфассал дод. Ӯ таъкид кард, ки ахиран дар Тоҷикистон ба масъалаи донистани забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон ва омодагии касбии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста