Бинобар сабаби ивази қубурҳои обтаъминкунӣ дар хонаҳои як қатор кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз соати 22.00-и рӯзи 3-юми март то соати 09.00 соати субҳи рӯзи 4-уми март интиқоли об ба ин қисмати шаҳр қатъ карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Обу корези Душанбе» хабар доданд, қатъи интиқоли об дар қисматҳои хиёбони Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳои Турсунзода, Шевченко, Шероз, Шоҳтемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулло Командир, Маҳмадулло Холов, Лоиқ Шералӣ, Ғанӣ Абдулло, Толстой, Парвин, Пушкин ва Теҳрон сурат мегирад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» аз сокинони хиёбону кӯчаҳои номбурда даъват ба амал меоварад, ки дар муддати баргузор кардани корҳои таъмир обро захира намоянд.