Шоми 7-уми июн раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон хонум Марша МакГро Олив бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти чораҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт ихтисор менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои анҷомгирифтаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки марҳилаи дуюми Лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар мегирад, масъалаи бо ҷалби институтҳои донорӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариён ва ба пуррагӣ иваз намудани филтирҳои обполоишӣ дар истигоҳхои дахлдори КВД «Обу корези Душанбе» ва ҷоннок намудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён тавассути ВАО мувофиқ ба мақсад мебошад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста