Дар доираи ҳамкориҳои дӯстона бо вилоятҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо даъвати роҳбарияти маъмурияти давлатӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафари дурӯзаи корӣ ба вилояти Бодкент ташриф овард. Дар  ин сафар Қоҳир Расулзодаро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, зимни сафар масъалаҳои  мубрами сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, масъалаҳои марзӣ ва робитаҳои фарҳангӣ   мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи охирини намояндагони байниҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки санаҳои  16-17 июни соли равон дар  шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, ҳамкориҳои вилояти Суғд ва вилояти Бодкент  ҳамчун намунаи ҳамкориҳои самаранок арзёбӣ гардида буданд.