Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи ташкилӣ, нақлиёт, роҳу коммуникатсия, шуъбаи умури дин, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати пойтахт озмун эълон кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, озмун то 15-уми ноябр идома ёфта, натиҷаҳои он на дертар аз 20-уми ноябри соли равон эълон хоҳанд шуд. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд тавассути телефонҳои 221-62-56 ва 221-62-84 ба шуъбаи кадрҳои мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд.
Зимнан таъкид гардид, ки ба довталабоне, ки то соли 1992 макотиби олии ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста