Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия шаҳрванди Русия, сокини ноҳияи Тейкови вилояти Иваново Наталя Дроздова муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо кормандони шуъбаи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират шавҳари мулкии ӯ, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ховалинг Азизулло Ҳакимови 31-соларо ба гумони нақзи қавоиди будубош дар Русия боздошт кардаанд.

Бино ба маълумоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, ахири моҳи ноябр А.Ҳакимов бо қарори суд ба маблағи 2000 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ва хурӯҷ аз қаламрави Русия маҳкум шуда, нигоҳдории ӯ дар қабулгоҳи махсус таъин карда шуд.

Тавре аён шуд, А.Ҳакимов бояд дар муддати 90 рӯз қаламрави Русияро тарк мекард, вале ба иллати бемории ҳамсараш – Н.Дроздова ин корро карда натавонист.

Ба иттилои манбаъ, бо мусоидати намояндагии ХМ ҶТ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ А.Ҳакимов ба суди вилояти Иваново шикоят бурд. «Бо назардошти тамоми ҳолатҳо, аз ҷумла ҳомиладории ҳамсари ӯ, бо қарори суди вилояти Иваново 21-уми декабри соли равон, қисмати қарори суди ноҳияи Октябр тағйир дода шуда, бандҳои марбут ба ихроҷ аз Русия ва нигоҳ доштан дар қабулгоҳи махсус бекор гардиданд», - гуфта мешавад дар иттилои намояндагӣ.