Санаи 7-уми январи соли равон нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз мегарданд. Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли гузашта гузориш хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ, рӯзи аввали ҳафтаи оянда нишастҳои хабарии Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ва Шӯрои адлияи кишвар доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки иқдоми мазкур вазъи бе ин ҳам душвори дастрасӣ ба маълумотро боз ҳам мушкилтар кард.