Дар мизи гирд таҳти унвони «Ислом, таҳаммулпазирӣ ва ҷавонон», ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ кард, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ба ҷаҳонбинии дигар аз нигоҳи таълимоти ислом баррасӣ мешаванд.

Созмондиҳандагони чорабинии мазкур Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» ва намояндагии Институти инъикоси ҷангу ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон мебошанд.

Зимни ифтитоҳи мизи гирд роҳбари намояндагии IWPR дар ҶТ Абдумалик Қодиров зикр кард, ки баргузории чорабинӣ бо мақсади аз ҷониби намояндагони ҳокимияти расмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дарёфт намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти таҳкими таҳаммулпазирӣ миёни ҷавонони тоҷик ва пешгирии омилҳои пайдо шудани таҳаммулнопазирӣ миёни онҳо роҳандозӣ шудааст.

Дар навбати худ, директори генералии медиахолдинги «Азия-Плюс» Умед Бобохонов дар ин робита зикр кард, ки мавзӯи интихобкарда барои мизи гирд хеле муҳим буда, таҳаммулпазирӣ кафолати асосии таъмини сулҳу субот дар кишвари мост. «Аксари мо ҷонибдори мазҳаби ҳанафӣ буда, ин мазҳаби таҳаммулпазирӣ аст, вале баъзе таҳқиқот гувоҳи онанд, ки ҷавонони тоҷик ба дигар мазҳабу динҳо на он қадр таҳаммулпазиранд», - таъкид дошт Бобохонов.

Ҳамчунин ӯ бо суол ба иштирокдорони мизи гирд муроҷиат кард, ки «чаро ҷавонони имрӯза ба равияҳои дигар таҳаммулнопазиранд?». «Шояд ин аз сатҳи пасти донишу фарҳанг ё аз он сабаб бошад, ки мо худамон динро ба хубӣ намедонему онро дуруст дарк намесозем ва то чӣ андоза ҳукумат барои мо намунаи таҳаммулпазирӣ шуда метавонад?», - гуфт ӯ.

Муовини раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов иброз дошт, ки ахиран миёни аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ таҳаммулпазирӣ ба таври қобили мулоҳиза заъиф шудааст. «Ба гунаи мисол, дар Аврупо аъзои оила ҷонибдори равияҳои гуногуни динӣ буда, бо ҳам муросо мекунанд, вале мо ба намояндагони мазҳабҳои гуногуни ислом таҳаммулпазир буда наметавонем ва ҳатто дар масҷидҳо дар ин маврид баҳсҳо рӯйи кор меоянд», - изҳор кард номбурда.

Мухторов ҳамчунин зикр кард, ки Конститутсияи кишвар ва дигар асноди меъёрӣ аз таҳаммулпазирӣ ҷонибдорӣ намуда, аз ин рӯ, дар кишвар миёни намояндагони динҳои гуногун қариб мухолифате вуҷуд надорад. «Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо мушкилоти таҳаммулнопазириро ҳаллу бартараф ва ба таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа таҳким бахшида метавонем», - афзуд номбурда.

Дар кори мизи гирд олимону коршиносони шинохтаи Тоҷикистон, намояндагони кумитаву ташкилотҳои марбутаи давлатӣ (Кумитаи ҷавонон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Донишгоҳи исломӣ, Маркази Исломшиносӣ, Институти фалсафаи Академияи

илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ғайра) ва ғайридавлатӣ иштирок доранд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур барои сохторҳои гуногуни ҷомеа бо мақсади роҳ надодан ба афзоиши тундгароӣ миёни ҷавонон тавсияҳо таҳия хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои «Тоҷикистони таҳаммулпазир» ва «ВАО ҳамчун воситаи субот ва рушди ҳокимияти демократӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Лоиҳаи аввал аз ҷониби NED (Фонди миллии дастгирии демократия) ва лоиҳаи дуюм аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Финландия маблағгузорӣ мешавад.