Тибқи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт, имрӯз ҷаноби Ҳиройуки Имаҳаши, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои грантиро оид ба амалӣ гаштани 5 лоиҳаи мухталиф барои дастгирии соҳаи маориф дар шаҳрҳои Ваҳдат, Кӯлоб ва Турсунзода, инчунин баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Мӯъминобод ва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии занон ва оилаҳои онҳо дар шаҳри Норак ба имзо хоҳад расонд.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, тавассути лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт лоиҳаҳои зайл роҳандозӣ мешаванд: «Лоиҳаи сохтмони мактаб дар деҳаи Корези Поён, ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 111,421, «Лоиҳаи сохтмони маркази занон дар шаҳри Норак» ба маблағи 110,653, «Лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизотҳои мактабӣ барои мактабҳои миёна дар шаҳри Ваҳдатба маблағи 104,844, «Лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизотҳои кишоварзӣ барои ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод» ба маблағи 108,572 ва «Лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизотҳои мактабӣ ба 6 мактаби миёна дар шаҳри Турсунзода» ба маблағи 108,910 доллари ИМА ба имзо хоҳад расид.

Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби худи мардуми Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Такмили соҳаи маориф ба ҳаёти кудакон таъсири мусбату давомдор хоҳад расонд, ҳамчунин бунёди маркази бонувон, савияи маърифати мардумро оид ба масъалаҳои гендерӣ баланд бардошта дар бунёди ҷомеаи беҳтар барои занон дар ин маҳалла мусоидат менамояд. Илова бар ин, рушди соҳаи кишоварзӣ бешубҳа шароити иқтисодии деҳқононро дар ҷомеаҳои маҳалӣ беҳтар менамояд.  

Ҳукумати Ҷопон барои вусъат бахшидани зиндагии мардуми Тоҷикистон ва таҳкими ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи онҳо дар Ҷомеа дастгирии худро давом медиҳад.       

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва созмонҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 295 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $22.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.