Ҳафтаи гузашта ҳарбиёни амрикоӣ ширкати калонтарини ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Kam air»-ро ба «рӯйхати сиёҳ»-и худ дароварда, дар интиқоли маводи нашъаовар муттаҳам хонданд ва таъкид намуданд, ки гуё тариқи ҳавопайоҳои ширкати мазкур маводи нашъаовар ба Тоҷикистон ворид шуда, пасон ба дигар минтақаҳо интиқол дода мешудааст. Ин хабар дар расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар ба нашр расид.

Дар ин робита сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев иттилоъ дод, ки даъвои ҳарбиёни амрикоӣ нисбати ширкати «Kam air» беасос буда, изҳороти ҷониби ҳарбиёни амрикоӣ на танҳо ба обрӯи ширкати «Kam air», балки ба обрӯи Тоҷикистон  дар арсаи байнулмилалӣ низ латма ворид намудааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Kam air» аз соли 2007 инҷониб дар хатсайри Кобул-Душанбе-Кобул ҳафтае як маротиба парвозҳоро ба Душанбе анҷом медиҳад. «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Ширкати ҳавопаймоии «Kam air» ҳамкориҳои хуби тарафайн доранд. Муносибат бо кормандон ва намояндагии ширкати мазкур тавре роҳандозӣ шудааст, ки бо ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии дигар. Яъне ҳангоми фуруд ба фурудгоҳи Душанбе мусофиргирӣ ва гузаштани ҳамаи расмияти мавҷудаи ҷорӣ риоя мегардад», - иброз дошт сухангӯи фурудгоҳ.

Гуфта мешавад, хадамоти гумрук, ШКД ва дигар ниҳоди марбутаи фурудгоҳ фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Kam air»-ро мусбат арзёбӣ карда, маълум гардидааст, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ ягон маротиба ҳолати ошкор гардидан ва ё боздошти нафаре бо ҷурми интиқоли маводи нашъавоар дар фурудгоҳи Душанбе рух надодааст.