Иттиҳоди Аврупо маблағгузории 3 лоиҳаро таҳти барномаи "Сохторҳои ғайридавлатӣ дар рушд" ба маблағи умумии 700 ҳазор евро оғоз намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиходи Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи навини мавзӯӣ соли 2007 таъсис гардида, ба дастгирии иқдомҳои ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ (ва сохторҳои давлатии маҳаллӣ) аз Иттиҳоди Аврупо ва мамолики шарик дар рушд равона шудааст. Коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҳошияи рушди устувор, аз он ҷумла татбиқи Мақсадҳои рушди ҳазорсола ҳадафи асосии Барномаро ташкил медиҳанд. Барнома ба иштирокчиён/сохторҳо самт гирифта, ба таҳкими имконоти ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати замина барои ҷомеаи беш аз ин одилона, кушод ва демократӣ тавассути дастгирии "ташаббусҳои мустақил"-и онҳо равона гардидааст.

Аз зумраи лоиҳаҳои барои маблағгузорӣ интихобшуда инҳоянд:

Лоиҳаи "Баланд бардоштани сатҳи зист ва амнияти озуқавории сокинони деҳот тавассути дастрасӣ ба хадамоти байтории беҳтар" дар муддати ду сол аз тарафи Созмони байторони Тоҷикистон, ташкилоти аъзогии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки байторони касбӣ ва мизоҷони молдорро намояндагӣ менамояд, амалӣ хоҳад гардид. Мақсади асосии лоиҳа аз паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот тавассути расонидани хадамоти устувори байтории шахсӣ ва ҷамъиятӣ иборат буда, ҳамин тарз ба паст намудани сатҳи талафот дар натиҷаи бемориҳо ва баланд бардоштани наслдиҳӣ равона шудааст. Лоиҳа ба Созмон барои мустаҳкам сохтани 800 нуктаҳои байтории маҳаллӣ тавассути таҳкими имконият ва гузаронидани омӯзишҳо, аз ҷумла оиди парвариши чорвои хонагӣ, таъминоти таҷҳизоти асосии байторӣ ва воситаҳои офияти клиникӣ, беҳтар намудани равобити шарикӣ бо хоҷагидорон ва Хадамоти давлатии назорати байторӣ, таъсис додани 30 нуктаи нави байтории маҳаллӣ дар макони лозима ва дастгирии созмонҳои байтории миллӣ ва маҳаллӣ кӯмак хоҳад намуд. Лоиҳа дар Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияиҳои тобеи марказ амалӣ мегардад. Баҳрабардорони асосии лоиҳа оилаҳои хоҷагидори чорводор, аз он ҷумла, оилаҳое, ки саробонашон зан аст (тақрибан 830 ҳазор оила) мебошанд.

Мақсади асосии лоиҳаи "Дастрасӣ, худидоракунӣ ва ҳисоботдиҳӣ - кӯмак ба Созмонҳои истифодабарандагони об дар ислоҳоти танзими объёрии Тоҷикистон", ки аз тарафи ташкилоти мадади Олмон (Welthungerhilfe) амалӣ мегардад, мукаммал сохтани амалиёти пешина тавассути расман супоридани истифода ва нигоҳдории зерсохтори объёрӣ ба худи истифодабарандагони об мебошад. Лоиҳа дар дашти сераҳолии ноҳияи Панҷакенти води Зарафшон амалӣ хоҳад гардид. Кор аз рӯи лоиҳа тавассути 21 созмонҳои истифодабарандагони об (СИО) ва ташкилоти асосӣ - Федератсияи созмонҳои истифодабарандагони об ба роҳ монда мешавад. Ин сохторҳо тақрибан 40 ҳазор хоҷагиҳои заминдории объёришавандаро намояндагӣ мекунанд. Тахмин аст, ки бакормонии мукаммалтар, коҳиши талафоти об дар ҷӯйборҳои объёрӣ ва таҳкими имконият дар соҳаи истифодабарӣ ва нигоҳдории танзими объёрӣ бар нафъи аҳолии маҳаллист (тақрибан 140 ҳазор).

Лоиҳаи нави аз тарафи ташкилоти Handicap International татбиқшаванда "Сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ: Таҳкими имконият, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар самти рушди фарогир дар Тоҷикистон" мебошад. Асоси лоиҳаи дусоларо мақсади мукаммал сохтани имконияти чор ташкилоти шарикии шахсони имконияташон маҳдуд (ТШИМ): Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон, Иттиҳоди занҳои имконияташон маҳдуд "Иштирок", Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон, ва шӯъбаҳову гурӯҳҳои худёрирасон дар Хоруғ, Хуҷанд, Душанбе ва навоҳии он ташкил медиҳанд. Дар чорчӯбаи лоиҳа имконияти техникӣ-машваратии ин сохторҳо дар масоили маъюбият ва ихроҷи иҷтимоӣ, дурнамо оиди фаъолияти тарғиботӣ, дипломатия ва малакаҳои бунёди равобит, қобилияти ташкилотӣ ва зерҳисоботӣ тавассути омӯзишҳо ва муносибати "омӯзиш аз таҷриба" мукаммал мегарданд. Ягонагии ҳаракати шахсони имконияташон маҳдуд бо мақсади тақвияти муколама ва ҳамкории самарабахш бо сохторҳои маҳаллии давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои пешбурд ва татбиқи дурнамоҳо ва амалиёти маҳдуд сохтани ихроҷи иҷтимоӣ таъмин ва мустаҳкам мегардад.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак фароҳам намуд