Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид (БОҶ)  моҳи январи соли ҷорӣ тақсимоти кумаки пулиро ба зиёда аз 7000 ниёзманд дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд тавассути лоиҳаи таҷрибавӣ ба анҷом расонид.

Тавре аз намояндагии БОҶ CСММ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби БОҶ ба 1426 хонаводаи дорои даромади камтарин, ки дастрасӣ ба миқдори ками замин, чорво ва дигар воситаҳои истеҳсолии фаъол доранд, кумаки пулӣ расонида шуд.   

Ин оилаҳо қаблан аз БОҶ маводи ғизоӣ мегирифтанд, вале ин навбат онҳо кумакро дар шакли пули нақд, ки ба 500 сомони (ё 105 доллари ИМА) барои ҳар хонавода баробар аст, гирифтанд. Таъмини пули нақд ба баҳрабарон барои бойгардонии таркиби хӯрокаи оила тавассути интихоби маводҳои ғизоии дилхоҳ ва харидории номгӯи гуногуни маводҳои тару тоза, имконият фароҳам меорад.

БОҶ барномаҳои интиқоли маблағро дар шаҳру ноҳияҳое амалӣ мегардонад, ки  дастрасӣ ба бозор хуб аст, вале мардум имконияти харидорӣ намудани маводи озуқаро надоранд. Ин барнома фаъолияти хуби бозорҳои Тоҷикистон ва дастрасии баҳрабарон ба мағозаҳоро ба инобат мегирад.

"БОҶ кӯшиш мекунад ба оилаҳои ниёзманд дар давраи зимистони сард, ки даромад аз корҳои мавсимӣ ва интиқоли маблағ аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ бисёр кам мешаванд, кумак расонад", мегӯяд Директори БОҶ дар Тоҷикистон, хонум Алзира Феррейра. "Дар фасли зимистон захираи озуқавории хонаводаҳо коҳиш меёбад ва инчунин оилаҳо маҷбуранд баҳри нигаҳдории гармӣ қисми зиёди даромади ночизи худро барои хариди сӯзишворӣ сарф намоянд. Нархи маводи хӯрокаи асосӣ, ба мисоли орди гандум, дар сатҳи баланд боқӣ мемонад, ва ин имконияти оилаҳои ниёзмандро барои таъмини маводи хӯрокаи кофӣ ва ғизонок хеле маҳдуд мекунад».

Барномаи таҷрибавии интиқоли маблағ аз тарафи БОҶ бо дастгирии Идораи кумаки башардустонаи Комиссияи Аврупо (ECHO) ва дар ҳамкорӣ бо яке аз бонкҳои пешқадами кишвар - «Агроинвестбонк» амалӣ гаштаст. Ба воситаи филиалҳои бонк дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент оилаҳои ниёзманд тавонистанд маблағи ҷудошударо дастрас намоянд.