Дар робита ба болоравии меъёри пардохти моҳонаи андоз ҳудуди 800 нафар соҳибкорони бозори «Сомон», воқеъ дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров даст ба тазоҳурот заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи соҳикборон хабар доданд, соли гузашта маблағи ҳармоҳаи пардохт барои патент 258 сомониро ташкил медоданд, вале имсол он то ба 363 сомонӣ зиёд шудааст.

Издиҳоми норозӣ ин мушкилотро дар бинои ҳукумати шаҳри Чкаловск баррасӣ карданӣ будааст, вале ба қавли шоҳидони ҳодиса, дар роҳ аллакай онҳоро кормандони Гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) пешвоз гирифта, зӯран ба бозори «Сомон» ворид кардаанд.

Тибқи баъзе маълумот, дар посух ба муқобилат кормандони ОМОН чанде аз соҳибкоронро боздошт намуда, ба самти номаълум бурдаанд.

Ба қавли соҳибкорон, чанде қабл назди онҳо намояндагони ҳукумат омада, пешниҳод кардаанд, ки ин масъала то шоми имрӯз дар бинои ҳукумати вилоят баррасӣ карда шавад.