Ахири ҳафтаи сипаригашта сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо муовини раиси ҳукумати вилояти Волгоград Юрий Сизов мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, зимни мулоқот дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 70-уми солгарди ғалабаи аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград зикр гардида, сафири Тоҷикистон аз зикри саҳми фарзандони тоҷик дар ин ғалаба, аз ҷумла Аҳмад Турдиев изҳори ифтихор намуд.

Дар навбати худ Юрий Сизов ба А.Достиев дар бораи вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави вилояти Волгоград маълумот дода, аз фаъолияти ҷамъияти тоҷикон дар ин вилоят таҳти роҳбарии Саидаҳмад Маҳмадов изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи сафар ба вилояти Волгоград сафир ҳамчунин бо ҳамватанони муқими инҷо мулоқот ороста, бо мушкилоти онҳо аз наздик ошно гардид.