Дар шаҳри Санкт-Петербург бо ибтикори намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия вохӯрии намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони корӣ бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Табибон ба кӯдакон» доир гардида, дар ҷараёни он масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар расонидани кӯмаки тиббӣ ба кӯдакон ва оилаҳои муҳоҷирон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ХМ ҶТ дар Русия, ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ шиносии муҳоҷирони корӣ ба лоиҳаҳои аз ҷониби ин ташкилот амалишаванда аст, зеро дар ин лоиҳаҳо кӯмаки ройгони тиббӣ ба кӯдакони муҳоҷирон пешбинӣ гардида, муоина ва муолиҷаи марҳилаи аввал аз ҳисоби ин ташкилот сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии мазкур Константин Захаров, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Табибон ба кӯдакон, корманди намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Алихон Розиқзода ва раиси ТҶ «Помир», узви Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бахтибек Бердов ширкат варзидаанд.