Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ чанде қабл ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вохӯрии толибилмони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии пойтахт бо афсарону сарбозони қисми низомии №08010 Маркази таълимии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҶТ-ро баргузор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, толибилмон бо шароити зист ва ҷараёни хизмати сарбозони тоза ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

«Афсарони қисми низомӣ толибилмонро бо техникаи ҳарбӣ, навҳои гуногуни силоҳи дар ихтиёрдоштаи сарбозон шинос карданд»,- гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар фарҷоми вохӯрӣ як консерти муштараки сарбозону меҳмонон доир гардида, ташкилоти «Созандагони Ватан» ба сарбозони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Мирсаидов таъкид дошт, ки шурӯъ аз 1-уми феврал ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» дар саросари кишвар як силсила чорабиниҳо доир месозад.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 195 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷашни 20-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳро дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карданианд. Рӯзи 23-юми феврал дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар сарбозону афсарони Артиши миллӣ гузашти низомӣ доир мегардад. Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи воҳидҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ мекунад.