Хадамоти давлатии назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба оғози нимаи дуюми соли хониш дар макотиб аз эҳтимоли хурӯҷи бемории зуком (грипп) ҳушдор медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори хадамоти мазкур Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, то имрӯз сатҳи гирифторӣ ба зуком ва дигар бемориҳои шадиди сироятӣ аз ҳадди эпидемиологӣ зиёд набуд, аммо ба наздикӣ хурӯҷи босуръати сироят ёфтан аз ангезандаи зуком маҳз миёни кӯдакони синнусоли мактабӣ аз эҳтимол дур нест.

«Мутаассифона, мо вактсинаҳои пешгирии паҳншавии бемориро надорем, вале дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кормандони шифохонаҳо чораҳои пешгирии гирифторӣ ба ин беморӣ шарҳу тавзеҳ дода хоҳанд шуд», - иброз дошт Ҷаъфаров.

Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии назорати санитариву эпидемиологӣ, то имрӯз дар дар кишвар беш аз 238 ҳазор ҳолатҳои гирифторӣ ба ангезандаҳои бемориҳои шадиди сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 15,6 ҳазор ҳолати он маҳз ба бемории зуком рост меояд.