Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт сокини 8-миллионнафараи Тоҷикистон ба дунё омад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи тиббии мазкур хабар доданд, ин духтарча 2 килову 700 грам вазн дошта, қоматаш ба 48 сантиметр баробар аст ва фарзанди нахустин дар оилаи Майсара Шарифоваи 33-сола ва Раҳмоналӣ Раҳмонови 37-сола буда, вазъи саломатии модару духтар қаноатбахш аст.

Ба гуфтаи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ба наздикӣ ба падару модари тифли навзод калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт тақдим мегардад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ба санаи 1-уми январи соли 2013 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 984 ҳазору 800 нафарро ташкил медод.