Зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Таълими исломӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Идибек Зиёев аз тақрибан пурра ба мутолиаи китобҳо машғул набудани донишҷӯёни тоҷик изҳори нигаронӣ намуд.

«Айни замон мо шоҳиди онем, ки ҷавонони тоҷик пайравони равияҳои дигари динӣ мегарданд ва имрӯз мушкилоти асосӣ дар он ифода меёбад, ки то кадом андоза мо мазҳаби худро ҳифз карда метавонем, - иброз дошт вай. – Ба туфайли истиқлолият мо барои омӯзиши ислом имкон дорем ва ба мо кадрҳое заруранд, ки аз забони арабӣ ба тоҷикӣ хуб тарҷума карда тавонанд, аз ҳадисҳо ва дигар равияҳои динӣ огоҳ бошанд, то ки мазҳаби худро нигоҳ дорем».

Ба қавли ӯ, ҳарчанд дар Донишкадаи исломӣ китобхонаи пур аз китобҳои нодиру китобхонаи электронӣ мавҷуд бошад ҳам, донишҷӯён ба мутолиаи китобҳо таваҷҷуҳи зиёд надоранд. «Ин ҷо мегӯянд, ки мо динро аз расму оинамон ҷудо месозем, вале феълан расму одатҳои мо ба кӯмаки Қуръон ниёз доранд, то ки моро ба роҳи рост равона созанд ва аз тамоми мушкилот имрӯз моро маҳз ислом ҳифз мекунад», - баён дошт И.Зиёев.

Ба гуфтаи муовини ректор, имрӯз кам касонеро аз намояндагони дин пайдо кардан метавон, ки натанҳо хуб ваъз бигӯяд, балки китобе ҳам таҳия бинамояд. «Онҳо муддати се соат ҳам метавонанд дар бораи масоили муҳим мавъиза бигӯянд, вале аз уҳдаи навиштани як мақолае ҳам баромада наметавонанд. Мо бо Донишкадаи лингвистии Маскав қарордод бастем, то донишҷӯёнамонро барои омӯзиш ба он ҷо фиристем, вале донишҷӯёни мо забони русиро танҳо дар сатҳи гуфтугӯ медонанд ва дар муддати як сол танҳо як нафар ба мо дар бораи хоҳиши таҳсил дар ин донишкада муроҷиат намуд», - зикр кард ӯ.

Идибек Зиёев ҳамчунин изҳор кард, ки дар кишварҳои исломӣ донишҷӯён ба ҷуз маълумоти исломӣ, ба касбҳои дигар, аз қабили муҳандису табиб ва ғайра низ соҳиб мешаванд, вале донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон пас аз хатми донишкада ҷойи кор пайдо карда наметавонанд, зеро касби дигаре надоранд. «Ман бар ин назарам, ки шояд замоне фаро расидааст, ки мо ба ин монанд таҷрибаро дар кишвари худ низ ҷорӣ намуда, мутахассисонро ба воқеияти имрӯзаи ҷумҳурӣ наздиктар биоварем», - афзуд номбурда.