Айни замон ба 38 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ аст.

Зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрони Абдулло дар ин робита гуфт, бинобар даст доштан дар қонуншиканиҳои маъмурӣ ва содир намудани ҷиноят, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ворид шудани ин шаҳрвандони тоҷик ба қаламрави кишварашро манъ кардааст.

Ба эътиқоди вай, рӯйхати ин афрод дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии назди КДАМ ҶТ, фурудгоҳҳои кишвар ва дар Хадамоти муҳоҷират мавҷуданд ва шаҳрвандони тоҷикро пеш аз сафар мебояд ба ин сохторҳо муроҷиат кунанд.

Ба қавли ӯ, қаблан шаҳрвандони тоҷик пас аз истирдод аз Русия ному насаби худро тағйир дода боз ба он ҷо бармегаштанд, вале акнун тибқи тағйирот дар қонунгузории Русия, зимни истирдод пайи ангуштони онҳо сабт гардида, дар сурати бо ному насаби дигар ба Русия баргаштан, дар ҳаҷми 300 ҳазор рубл ё ҳаҷми музди меҳнат ва даромади дигари маҳкумшуда дар муддати то 18 сол ҷаримабандӣ шуда ва ё ба муддати 4 сол ба корҳои маҷбурӣ водор ва ё ба муддати то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Номбурда афзуд, аз оғози соли равон барои чунин қонуншиканӣ аллакай як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.