Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар мавриди ҳукми суд оид ба даъвои Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» изҳори нигаронӣ намуд.

Дар сомонаи расмии Кумита дар ин хусус зикр мегардад, ки кумита аз далели пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани ҷаласаҳои судӣ бештар нигарон аст. Дар ин робита намояндаи CPJ Музаффар Сулаймонов изхор кардааст, ки ситонидани 50 ҳазор сомонӣ маблағ аз рӯзнома ба васоити ахбори умуми мустақили маҳаллӣ таъсири манфӣ гузошта метавонад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврали соли равон судяи суди Исмоили Сомонии пойтахт Шерзод Низомов даъвои Рустам Ҳукумовро қонеъ намуда , барои паст задани шаъну эътибор дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» рӯзномаи «ИмрузNews»-ро ба пардохти маблағи зарари маънавӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва расман узр пурсидан аз Р.Ҳукумов водор намуд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардабири рӯзнома ва муаллифи мақолаи зикршуда Назири Нусрат изҳор намуд, ки бо қарори суд норозӣ буда, аллакай ба зинаи таҷдиди назар шикоят омода мекунанд. «Мо бар ин назарем, ки судя дар тамоми ҷараёни мурофиа парвандаро бо тартиби якҷониба ба манфиати Ҳукумов баррасӣ намуд ва ин ҳолат аллакай бозгӯи он буд, ки чунин қарор қабул мешавад», - иброз дошт вай.