Субҳи имрӯз бо супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини раиси пойтахт Санавбар Раҳимова ба аёдати Сумайя – шаҳрванди 8-миллионуми Тоҷикистон раҳсипор шуд, ки санаи 5-уми феврал дар таваллудхонаи №3-и пойтахт ба дунё омад.

Муовини раиси пойтахт дар вазъи тантанавӣ ба волидайни тифл калид ва санади хонаи дуҳуҷрадори воқеъ дар кӯчаи Федини пойтахтро тақдим намуд.

Бино ба иттилои сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, майдони умумии манзили тақдимшуда 60,2 метри мураббаъро ташкил дода, он дар ошёнаи якуми бинои баландошёна дар микрорайони 83-ум ҷойгир шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ба волидайни Сумайя ҳамчунин шаҳодатномаи тасдиқи шаҳрванди 8-миллионуми Тоҷикистон будани фарзандашон низ супурда шуд.