Дар иҷлосияи сенздаҳуми имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйироту иловаи қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба қонуни ҶТ «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» маъқул шуморида шуд.

Зимни пешниҳоду шарҳи тағйирот узви ММ МО ҶТ Саидмурод Тағоев изҳор кард, ки пас аз қабули он ҳаҷми чанде аз боҷҳои давлатӣ дар кишвар зиёд мешавад.

Ҳамин тариқ дар тағйирот афзоиши ҳаҷми боҷи давлатӣ барои додани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ, гирифтани ваколатнома барои идораи воситаи нақлиёт, расмиёти нотариалии баъзе ҳуҷчатҳо ва ҳамчунин сабти никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони кишварҳои дигар ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Тағоев, акнун шаҳрвандони кишвар барои додани ваколатномаи идораи воситаи нақлиёт ба ҷойи 40 сомонӣ 80 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, вале ин навоварӣ ба муомилоти миёни хешовандони наздик ба идора додани автомобил дахл нахоҳад дошт.

Ба қавли номбурда, ҳаҷми боҷи давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки хоҳиши дастрас намудани раводиди Тоҷикистонро доранд, ду маротиба афзуда, аз 80 сомонии имрӯза то 160 сомонӣ зиёд мешавад.

«Аз ин ба баъд барои сабти ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба ивази 80 сомонии қаблӣ 200 сомонӣ боҷ ситонида хоҳад шуд», - афзуд Тағоев.