Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон муаррифии расмии Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ дар соли 2012 таҳти увони «Тоҷикистон: камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи лоиҳаи муштараки «Ҷорисозии консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод гардид.

«Мақсади асосии ин лоиҳа пешбурди консепсияи рушди инсонӣ дар тамоми сатҳҳо ва махсусан дар байни шахсоне мебошад, ки бевосита қарорро қабул мекунанд ва он ба ҳайси меъёри асосии муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон хизмат мекунад», - омадааст дар иттилои вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар муаррифии Ҳисоботи миллӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Александр Зуев сухан ронда, аз ҳадафҳои стратегии ҳалли масъалаи камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим, ки боиси таъмини рушди устувор ва бехатари Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, ибрози назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ аз ҷониби коршиносҳои миллӣ дар соҳаҳои макроиқтисодӣ ва камбизоатӣ, экология ва тағйири иқлим, масъалаҳои иҷтимоӣ ва баробарии гендерӣ, таҳлили оморӣ ва ғайра таҳия гардидааст.