Имрӯз дар Душанбе Комиссияи Аврупо дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) нахустин Вохӯрии миллӣ ҷиҳати муаррифии Ташаббуси аврупоӣ «Созишномаи Раисони шаҳрҳо – Шарқ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бахши тоҷикистонии марказ Малика Бобоҷонова хабар дод, дар чорабинии мазкур аз иштироки раисони шаҳрҳои Тоҷикистон, намояндагони Вазоратҳои энергетикаву саноат, рушди иқтисод, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, коршиносони маъруфи бахши сарфа ва самаранокии истифодаи энергия ва ҳамчунин ҳайатҳои Комиссияи Аврупо дар ҶТ, Баронмаи рушди СММ, EBRD, барномаҳои INOGATE, USAID, ICF International, GIZ ва лоиҳаи DACO интизорӣ меравад.

Ба гуфтаи номбурда, афзалияти ташаббуси мазкур дар он ифода меёбад, ки дар он натанҳо аз таҷрибаи бойи ҷаҳонӣ ва аврупоӣ дар бахши сарфа ва самаранокии энергия ва коҳиши партовҳо ба фазо табодули афкору амал сурат мегирад, балки он ба кишварҳои мустақил барои дастрасӣ ба технологияҳои пурсамар ва таҷрибаи беҳтарин дар ин самт имкони мусоид фароҳам меоварад.