Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз 10-уми март истеҳсоли қувваи барқ ва интиқоли гармӣ ба муштариён аз Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе боздошта шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарори мазкур дар робита ба муроҷиати ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба комилан бекор шудани лимити истифодаи барқ ва мусоид омадани обуҳаво дар моҳи март қабул шудааст.

«Мақомоти раҳбарии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бояд ба корҳои омодасозии иншоот ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2013-2014 шурӯъ намоянд», - гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки мавсими аз ин пешро Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 25-уми декабри соли гузашта оғоз карда буд. Маркази мазкур соли 1968 бо иқтидори 198 МВт ба истифода дода шуд. Дар марказ ба сифати сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ ва сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут истифода мешавад.