Ҳудуди 60 нафар олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи маводи илмиву таҳқиқотӣ бо забони англисӣ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Яъқубова хабар дод, семинарро Барномаи китобхонаи виртуалии илмӣ таҳти сарпарастии Маъмурияти миллӣ оид ба амнияти ҳастаии назди Вазорати энергетикаи ИМА бо мусоидати Академияи улуми ҶТ созмон дода, он аз ҷониби CRDFGlobal доир гардид.

«Дар семинар ба сифати мураббӣ профессори кимиёи Донишгоҳи Мэйн Тораҷ Солоки ширкат варзида, дар Тоҷикистон ин нахустин чорабинӣ аз силсилаи семинарҳоест, ки тарзҳои навиштани маводи муваффақи таҳқиқотӣ аз лиҳози муҳаққиқ, сардабири маҷалла ва ҳамчунин мунаққидонро инъикос мекунанд. Дар семинар бобати тарзҳои воқеии ҷараёни нашр маълумоти муфассал дода шуда, барои беҳбуди малакаҳои навиштани мақолаҳои таҳқиқотии илмӣ бо забони англисӣ стратегияҳои гуногун пешниҳод гардиданд», - гуфт Яъқубова.

Ба қавли ӯ, ҳадаф аз баргузории семинар дастгирии рушди фаъолияти миллии таҳқиқотӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнулмилалии илмӣ миёни олимони бахшҳои гуногун кишвар мебошад.