Зимни вохӯрӣ бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев директори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебеки Канда Шоисматулло Ҳабибӣ изҳор кардааст, ки имрӯз дар Канада беш аз 150 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ Девонаев зикр кардааст, ки воқеияти имрӯза чунин аст, ки аксари кишварҳои дунё ба мушкилоти муҳоҷирати корӣ мувоҷеҳ буда, тамоилҳои гуногуни онҳоро мебояд мавриди омӯзиш қарор дод.

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ чунин ибрози андеша намудааст, ки дар ин самт таҷрибаи кишварҳои Туркия, Малайзия ва Филиппин шоистаи ибрат буда, дар ин давлатҳо чандин даҳсолаҳо қабл муҳоҷирати кории байнулмилалӣ рушд ёфтааст.

Дар навбати худ Шоисматулло Ҳабибӣ зикр кардааст, ки Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебек бо 150 нафар шаҳрвандони тоҷики муқими Канада ҳамеша дар тамос аст. «Касоне, ки кору зиндагӣ дар Канадаро ихтиёр мекунанд, бояд забони англисиву фаронсавиро хуб дониста, соҳибкасб бошанд, то ки ҳарчи осонтар ба ҳаёти ҷомеаи кишвари будубош мутобиқ гарданд», - таъкид доштааст ӯ.