Чанде қабл намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ду интернати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боздид намуда, ба бошандагони он туҳфаҳо тақдим намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи рушди иқтисод ва инноватсияи филиали ДТТ дар Кӯлоб Алмосшо Шоев хабар дод, аз ин ба баъд  интернатҳои «Саричашма» ва «Арал»-и воқеъ дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Восеъ таҳти сарпарастии донишгоҳ қарор хоҳанд гирифт.

Ба қавли ӯ, ба интернатҳо ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуд. «Филиали ДТТ дар Кӯлоб бевосита интернати «Арал» ва идораи асосии донишгоҳ дар Душанбе интернати «Саричашма»-ро ба сарпарастӣ мегиранд», - иброз дошт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, минбаъд бо назардошти эҳтиёҷоти интернатҳо барномаи кӯмаки доимӣ ба онҳо таҳия хоҳад гардид.