Айни замон дар зиндонҳои кишвари ҳамсояи Афғонистон 9 нафар шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев дар брифинги чанде қабл доиргардида дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки  аз ин шумор 6 нафар дар маҳбасхонаи «Пули чархӣ» ва 3 нафар дар маҳбасхонаи Қундуз нигоҳ дошта мешаванд.

«Аз замони ба имзо расидани Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Афғонистон оид ба истирдоди маҳбусон, барои адои минбаъдаи ҷазо дар кишвари худ аз Афғонистон 10 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан истирдод шудаанд», - гуфт ӯ.